Навиди Вазорат



Мулоқот бо Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшод

.

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Соҳир Шамшодро ба ҳузур пазируфтанд.

 

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар самти амният ва мудофиа мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре таъкид гардид, Тоҷикистон ва Покистон дар арсаи сиёсӣ ва соҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла энергетика, нақлиёту коммуникатсия, ҳамчунин фарҳангиву гуманитарӣ ва амниятӣ ҳамкориҳои қобили таваҷҷуҳро ба роҳ мондаанд.

Сарвари давлати мо зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари имрӯзаи робитаҳои сиёсии тарафҳо сатҳи бовариву эътимодро миёни ду давлат дар сатҳи олӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат дар баробари таъкиди ҳамёрии ду кишвар дар самтҳои амният ва мудофиа тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавии ҷонибҳоро дар ин раванд ба суди ду кишвар маънидод карданд.

Ҷонибҳо аз равандҳои ташвишовари замони муосир ёдовар шуда, ба зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳояшон дар соҳаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид намуданд.

Зимни мулоқот ҳамзамон дар робита ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули назар анҷом гирифт.

http://president.tj/ru/node/31376