Навиди Вазорат



Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сатҳи баландтарин мерасанд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Мақолаи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Завқизода Завқӣ Амин

Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сатҳи баландтарин мерасанд

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли 1992 барқарор шуда, имрӯз Чин яке аз шарикони бузургтарини иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ба шумор меравад. Вусъати минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз давлатҳои пешрафтаи минтақа барои Тоҷикистон аҳамияти махсус дорад.

Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи сарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин муносибатхои тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду мамлакат ба манфиати тарафайн инкишоф ёфта, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад.

Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи сарони ду кишвар гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкориҳо мебошад.

Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дар соли 2013 Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба масъалаҳои ба роҳ мондани муносибатҳои шарикии стратегӣ, ки заминаи устувори рушди дарозмуддати Тоҷикистону Чин ба ҳисоб меравад, ба имзо расонида шуд.

Зимни сафари Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон дар соли 2019 сарони ду кишвар изҳороти муштаракро нашр карданд, ки он боиси боз ҳам мустаҳкамтар гардидани ҳамкориҳои дуҷонибаи ин кишварҳои ба ҳам дӯст гардид. Инчунин пайвастани ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки яке аз иқдомҳои бузург барои кишварҳои мазкур аст ва ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мусоидат хоҳад кард.

Солҳои охир байни кишварҳои қайдгардида як қатор санадҳои судманд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, кишоварзӣ, молия, фарҳанг, сайёҳӣ ва ғайра ба имзо расиданд, ки ба амиқтар шудани ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи онҳо мусоидат намуданд. Дар натиҷа ҳаҷми савдои дуҷониба афзоиш ёфта, самтҳои ҳамкорӣ васеъ гардида, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин ба марҳалаи нави рушди худ ворид шуданд.

Инкишофи босуръати муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба Созишномаҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ асос ёфтааст. Мутобиқи ҳуҷҷатҳои имзошуда ҷонибҳо сиёсати ҳавасмандгардонии тиҷорати фаромарзӣ дар заминаи судманд, ноил шудан ба мувозинати байни содирот ва воридот, диверсификатсияи сохтори молии тиҷорат, ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва транзитро пеш мебаранд.

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Чин оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бошад давоми солҳои охир бомуваффақият фаъолият дорад, ки дар он ҳамасола масъалаҳои бунёд ва диверсификатсияи шарикии дуҷониба баррасӣ мешаванд.

Афзоиши ҳаҷми гардиши савдои дуҷониба тасдиқи ин гуфтаҳост. Сатҳи баландтарин дар савдои мутақобила маҳз ба соли 2022 рост меояд ва гардиши мол ба нуқтаи таърихии 1,2 миллиард доллар расид, ки аз он содирот 368 миллион доллар ва воридот 842 миллион долларро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни ду кишвар нисбат ба соли 2013-ум 1,7 баробар, содирот 6,3 баробар ва воридот 1,4 баробар афзоиш ёфт.

Саҳми савдои мутақобила бо Чин дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз 13,9 фоизи соли 2013 то 16,1 фоиз дар соли 2022 афзоиш ёфт, ки ин густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишварро нишон медиҳад.

Аз рӯи ҳаҷми тиҷорати мутақобила дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии  Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷои сеюм қарор дорад ва ин нишон медиҳад, ки Чин яке аз шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар баробари афзоиши нишондиҳандаҳои дар боло овардашуда бояд зикр кард, ки тавозуни содирот ва воридот низ тамоюли тағйирёбанда дорад. Агар соли 2013 ҳиссаи содироти мол дар ҳаҷми умумии савдои дуҷониба 8,5 фоизро ташкил дода бошад, пас соли 2022 ин рақам ба 30,4 фоиз расидааст.

Омили асосии рушди нишондиҳандаҳо дар савдои дуҷониба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, илму техника, тандурустӣ ва сайёҳӣ мебошад.

Инчунин бояд гуфт, ки Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон буда, дар татбиқи Стратегияи миллии рушд ва авлавиятҳои асосии он нақши барҷаста дорад.

Сармоягузории Чин дар Тоҷикистон, бешубҳа, ба рушди иқтисоди Тоҷикистон, болоравии некӯаҳволии мардум ва мутаносибан коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат мекунад.

Аз соли 2003-юм инҷониб  фаъолияти сармоягузории ширкатҳои чинӣ дар кишвар  суръат гирифта, пас аз татбиқи тадбирҳои арзанда оид ба дастгирии сармоягузорон ва ислоҳот оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин сармоягузор дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст.

Дар давоми 20 соли охир аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд гардид ва ҳиссаи ин кишвар дар ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ аз 9 фоизи дар соли 2004 то ба 62 фоиз дар соли 2021 афзоиш ёфт.

Дар ин давра натиҷагирии ҳиссаи сармоягузории мустақими Чин дар ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими ҷамъшуда ба иқтисоди миллӣ  ба  43 фоиз баробар шудааст.

Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Мардумии Чин барои иҷрои тарҳҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва инфросохтор дар кишвар ба маблағи умумии 760 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо кардааст.

Дар ҳоли ҳозир Чин дар иҷрои як қатор тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Дар байни онҳо лоиҳаҳои азнавсозӣ ва сохтмони роҳҳо, пулҳо ва дигар инфрасохтори зарурӣ мавҷуданд, ки ба муттаҳид шудани тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, таъмини ҳаракати нақлиёти автомобилӣ ва мусофирбар дар тамоми сол мусоидат мекунанд.

Ҳамчунин як қатор лоиҳаҳои муҳимми бузурги ҳамкорӣ дар заминаи грантӣ, аз қабили бозсозии шоҳроҳи Қалъаи Хумб-Рӯшон ба маблағи 120 миллион доллари ИМА, ки дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе- Кӯлоб - Қалъаи Хумб- Хоруғ-Қулма (сарҳад бо Чин) дар ҳоли иҷро аст. Татбиқи ин лоиҳа ба соҳибкорони ҳарду кишвар барои ҳамлу нақли бор ва ба ин васила рушди тиҷорати дуҷониба кумак хоҳад кард. Боиси зикр аст, ки сохтмони бинои нави Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар доираи ин сармоягузориҳо идома дорад.

Илова бар ин, Чин дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика фаъолона иштирок мекунад. Сармоягузории Чин дар ин бахшҳои иқтисодии кишвар барои расидан ба ҳадафҳои стратегии таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон нақши калидиро мебозад.

Ширкатҳои чинӣ тақрибан дар тамоми лоиҳаҳои бузурги саноатӣ ва кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла, дар саноати кимиё ва нассоҷӣ, масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истихроҷи маъдан ва иртибототи иттилоотӣ ширкат доранд.

Танҳо дар солҳои охир 10 лоиҳаи муштарак, аз ҷумла сохтмони Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, фабрикаи ресандагии Ҷунтай - Данғара - Синсилу текстил, Корхонаи металлургӣ, Корхонаи сементи Хуаксин Ғаюр-Суғд Семент, туннели роҳи оҳани Вахдат — Ёвон, заводҳои фториди алюминий ва криолит ва ғайра ба анҷом расид.

Дар Тоҷикистон 5 Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", "Панҷ", "Суғд", "Ишкошим" ва "Кӯлоб" таъсис дода шудааст. Сармоягузорони чинӣ дар рушди МОИ хеле фаъоланд. Аз ҷумла, сармоягузории Чин ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар МОИ «Данғара» ва «Панҷ», ки дар онҳо корхонаҳои истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти нафтӣ, нахи пахта, пӯсту пашм, меваҷот ва сабзавот, дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ ва бо ҷалб намудани манбаҳои меҳнатии маҳаллӣ таъсис ёфтаанд, равона карда шудааст.

Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо ҷалби сармояи Чин ва таҷрибаи истеҳсолию технологӣ, татбиқи лоиҳаҳои инфросохторӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва рақамӣ, содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, омӯзиши мутахассисони тоҷик ва ҷалби сайёҳони чинӣ ба кишвар манфиатдор аст.

Иқтидори мавҷудаи бузурги иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фазои мусоиди сармоягузорӣ, имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозӣ, фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ – ҳамаи ин барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар Тоҷикистон барои сармоягузорони чинӣ ва дигарон дурнамои ҳамкориҳоро мекушояд.

Боиси хушнудист, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин дар доираи мулоқоти сарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳудуди 30 санади муштарак ба имзо мерасад, ки ба рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин такони боз ҳам бештар хоҳанд бахшид.

Бояд изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои дӯстона, стратегӣ ва ҳамсоягии нек бо Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, минбаъд низ барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва соҳаҳои гуманитарӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное