Навиди Вазорат



Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Санаи 26 апрели соли ҷорӣ маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Бренди сол-2022» таҳти унвони “Қуллаи Шараф” дар Кохи Суруш баргузор гардид.

Чорабиниро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин ботантана ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни озмунро хуш омадед гуфт.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки мақсади асосии озмуни мазкур дар доираи ҳадафу афзалиятҳои муайяннамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини рушди бахши хусусӣ, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони молу хизматрсониҳои ватанӣ ва ташвиқу тарғиби брендҳои ширкатҳо дар бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

Дар чорабинии мазкур ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Бонки миллӣ, раиси палатаи савдо ва саноат ва роҳбарону муовинони дигар вазорату идораҳо ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуданд.

Ҳадафи асосии озмун ин ҷалби таваҷҷуҳи соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагон ба моҳият ва нақши бренд дар тиҷорат, ҳавасманд намудани онҳо барои ба даст овардани тамғаи молӣ ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо мебошад.

Чорабинии мазкур ҷиҳати иҷрои банди дахлдори Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ташкил карда шудааст.

Озмуни “Бренди сол” бори чорум дар кишвар доир мегардад, ки дар он 110 брендҳои ватанӣ дар 15 номинатсия ва 32 зерноминатсия пешниҳод карда шуданд.

Ғолибони озмунро ҳакамони мустақил иборат аз намояндагони вазорату идораҳо ва бахши хусусии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳогузорӣ намудаанд.

Аз ҷумла дар озмун корхонаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, аз қабили ҶДММ “Акиа Авесто Автоматив Индастри”, ҶДММ “Маколли” ҶСП “Фабрикаи кондитерии “Ширин”, КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП “Спитамен Бонк, ҶСП “Индиго Тоҷикистон”, ҶСП “ТТ Мобайл” ва ғайра иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳои дахлдор гардиданд.

Завқизода З. А. ҷоизаи махсус-медали Созмони Умумиҷаҳонии Моликияти Зеҳниро ба ҶСК “НБО Роғун” таҳти бренди “Роғун” тақдим намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное