Навиди Вазорат



Ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

24-25 апрели соли 2023 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳайати Тоҷикистонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Усмоналӣ роҳбарӣ намуда, ба он Вазири саноат ва технологияҳои нав Шерали Кабир, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ ва доираҳои тиҷоратии кишвар шомил шуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисод, хоҷагии деҳот, саноат, нақлиёт ва сохтмон, энергетика, тандурустӣ, муҳити зист, идораи офатҳои табиӣ ва рақамкунонӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Инчунин ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Комиссияи байниҳукуматии кишварҳо аз Минтақаҳои озоди иқтисодии Қазоқистон боздид карда ба таҷрибаи он ҷониб шинос шуданд.

Аз натиҷаи ҷаласа Протоколи ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ба имзо расонида шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное