Навиди Вазорат



Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

7 апрели соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат баргузор гардид.

Қайд бояд кард, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” ҳар сол дар кишвар 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиён ҷашн гирифта мешавад.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин иқтисодчиёни кишвар ва кормандони вазоратро бо иди касбӣ табрик намуда қайд кард, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳмгузор буда, дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ширкат меварзанд.

Ин буд ки дар бист соли охир рушди иқтисоди кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 4,8 миллиард сомонии соли 2003 то ба 115.7 миллиард сомонӣ дар соли 2022-юм баробар гардид.

Аз ҷумла рушди иқтисоди кишвар дар соли 2022-юм 8 фоизро ташкил дод, ки асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 15,4 фоиз, кишоварзӣ 8 фоиз, боркашонӣ 26,1 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 16 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11,4 фоиз, гардиши савдо 11,2 фоиз ва мусофиркашонӣ 11,1 фоиз таъмин гардид.

Имрӯзҳо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо роҳнамоии зерини Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор додаанд:

«Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».

Дар анҷоми чорабинӣ ба кормандони фаъоли Вазорат барои хизматҳои арзанда ва шоиста ифтихорнома тақдим карда шуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное