Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҳисоботи миллӣ оид ба Рушди инсонӣ дар соли 2014: "Тоҷикистон:дастрасии захираҳо барои рушди инсонӣ"

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо муаррифии расмии Ҳисоботи миллӣ оид ба Рушди инсонӣ (ҲМРИ) дар соли 2014: «Тоҷикистон: дастрасии захираҳо барои рушди инсонӣ» баргузор гардид. 

ҲМРИ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи лоиҳаи муштараки «Татбиқи Консепсияи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон» муаррифӣ гардид. Ҳадафи асосии лоиҳа пешбурди Консепсияи рушди инсонӣ дар тамоми сатҳҳо ва махсусан байни шахсоне мебошад, ки бевосита қарор қабул мекунанд ва он ба сифати меъёри асосӣ ва бунёдӣ ҷиҳати муколамаи иҷтимоӣ ва таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон эътироф мегардад.

Дар оғози чорабинӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Хикматуллозода қайд намуд, ки муаррифии Ҳисоботи мазкур дар соли анҷомёбии татбиқи Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015, ки бо назардошти Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гардидааст, ҳамчунин Стратегияи баланд бардоштани некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баргузор мешавад. Тақвияти захираҳо ва назорати доимӣ аз ҷониби Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми татбиқи санадҳои мазкури стратегӣ имконият дод, ки сатҳи камбизоатӣ хеле коҳиш ёбад ва барои ташаккул ва рушди синфи миёна заминаҳои мусоид фароҳам оварад.

 Ҳамоҳангсозии доимии СММ ва Намояндаи доимии БР СММ ҷаноби Александр Зуев тазаккур дод, ки ҳангоми омода кардани Ҳисоботи мазкур шарикии мунтазам рушдёбанда байни Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо, вазорату идораҳои дигар, ҳамчунин мақомоти минтақавии идоракунӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ идома дода шуд. Дар омода кардани Ҳисоботи мазкур сохторҳои СММ, алалхусус, Хазинаи нуфуси СММ ва Созмони байналмилалии меҳнат фаъолона мусоидат намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки Ҳисобот барои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва донорҳо манфиатбахш буда, барои ҳалли бомуваффақи масъалаҳои муҳими соҳаи рушди инсонӣ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.

 ҲМРИ дар худ низоми ақидаҳоро оид ба мақсад, принсипҳо, мундариҷа ва роҳҳои татбиқи сиёсати Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба захираҳои институтсионалӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва табиӣ ифода мекунад. ҲМРИ аз ҷониби гурӯҳи коршиносони миллӣ дар соҳаҳои демография, меҳнат, иқтисод, масъалаҳои иҷтимоӣ ва баробарии гендерӣ, бо назардошти шохиси Рушди инсонӣ ва таҳлили оморӣ омода гардидааст.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное