Навиди Вазорат



Шиносоӣ аз таҷрибаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти Япония

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

31 октябри соли 2022 зимни сафари корӣ ба Япония муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид аз таҷрибаи муваффақи Япония дар самти ба роҳ мондани таҷрибаи коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ дар деҳоти дурдаст ва таъсиси ҷойҳои кории доимӣ барои аҳолии ин деҳот аз фаъолияти Кооперативи кишоварзӣ дидан намуд.

Кооперативи мазкур меваи ситрусӣ (Юзу), ки дар ҳамин деҳот парвариш карда мешавад, то ба маҳсулоти ниҳоӣ дар шакли 70 намуд маҳсулоти тайёри истеъмолӣ (афшура, нушобаҳо, джем, равғанҳои косметикӣ ва ғайра) коркард менамояд. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона ба тамоми Япония, ҳатто тариқи супориши интернетӣ ба фуруш бароварда мешавад.

Ташкили чунин Кооперативи кишоварзӣ, ки саҳмгузори он 500 нафар истиқоматкунандагони деҳот, ки 800 аҳолиро дарбар мегирад ҳамчун таҷрибаи муваффақ ҳисобида мешавад.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное