Навиди Вазорат



Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қирғизистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор гардид.

Дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.

Зимни вохӯрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.

http://president.tj/ru/node/29300

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное