Баргузории нишасти матбуотӣ
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 дар бораи баргузор намудани нишастҳои матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти навбатии матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишасти матбуотӣ, ки бо иштироки бештар аз 20-намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар доир гашт, Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохтории Вазорат ва муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Ш.Раҳимзода нишасти матбуотиро бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда, сипас, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба суолҳои хабарнигорони воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои гуногуни вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар посух гардониданд.
Дар аснои нишасти матбуотӣ масоили мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла, эҳтимолияти воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикиситон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Нақшаи чорабиниҳо доир ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, робитаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бо давлатҳои аъзои СҲШ, алалхусус бо Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Федератсияи Россия, раванди мутобиқгардонии иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба шароити СУС, тавозуни воридоту содирот, истеҳсол ва содироти алюминий, содироти барқ ва нахи пахта, хаҷми сармоягузориҳои мустақим ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.