Навиди Вазорат



Ба имзо расонидани Меморандум байни Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия ва Минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

5 октябри соли 2021 байни Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия бо Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Суғд», «Кулоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» дар фазои тантанавӣ бо иштироки Муовини якуми вазир, роҳбарони минтақаҳо ва меҳмонон Меморандум барои ҳамкориҳои зич ва пурсамар ба имзо расид.

Ҷаласаро Муовини якуми вазир Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ҳусни оғоз бахшида, аъзоёни гуруҳи кориро, ки аз намояндагони Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия, кормандони дахлдори вазорат ва роҳбарони маъмурияти МОИ кишвар, вазорати саноат ва технологияҳои нав ва хадамоти гумрук иборат буданд, барои корбарӣ ва тақвият додани минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда суханро ба Шпиленко Андрей Викторович доданд.

Шпиленко А. В. оиди натиҷаи таҳлилҳои гузаронидааш аз минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди рӯнамо ба ҳозирин хабар дода, бо назардошти мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа директори Ассосиатсияи кластерҳо, технопаркҳо ва минтақаҳои махсуси иқтисодии Федератсияи Россия ба Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи марказӣ ва аъзоёни гуруҳи корӣ аз сатҳи баланди пазироӣ ва ҳамкорӣ изҳори минатдорӣ намуда, фикру ақидаҳои худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное