Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия Максим Геннадевич Решетников

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

23 июни соли 2021 дар ҳошияи Форуми иқтисодии Созмони Ҳамкории Шанхай дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои иктисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия» вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Россия дар фазои дӯстиву рафоқат баргузор гардида, дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иктисодӣ миёни Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқизода З.А. қайд намуд, ки 8 майи соли 2021 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия, муҳтарам Владимир Владимирович Путин баргузор гардида буд ва дар ин мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда буданд, ки Федератсияи Россия шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Дар рафти вохӯрӣ, ки дар фазоӣ кушод, дӯстона ва созанда доир гашт, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо дар самтҳои иқтисоди рақамӣ, тиҷорати электронӣ ва инноватсия дар доираи созмони номбурда, инчунин робитаҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо баҳри таъмини афзоиши гардиши савдои хориҷӣ, аз ҷумла мубодилаи рӯйхати молҳои таҳвили тарафайн, баимзорасонии Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Россия, таҳия ва таҳкими хамкории байниминтақавӣ дар доираи созишномаҳои баимзорасида, чорабиниҳо оид ба мубодилаи таҷриба байни мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаи рушди савдои рақамӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар таҳияи пешгӯиҳои баландсифат, такмил додани механизмҳои мавҷудаи моделсозӣ ва истифодаи моделҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷихати ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное