Навиди Вазорат



Вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Вазири саноат ва технологияҳои нав бо Муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

5 июни соли 2021 вохӯрии якҷояи Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир бо Муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Умурзоқов Сардор Уктамович дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар рафти вохӯрӣ масъалаи омодагӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Миромоновичро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Завқизода З. А. қайд кард, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагии ҳаматарафа дар сатҳи олӣ ва мувофиқанамоии маҷмӯи ҳуҷҷатҳои дуҷониба барои баимзорасонӣ ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дода шудааст.

Инчунин дар рафти вохурӣ ҷонибҳо то ба 1 млрд. доллари ИМА расонидани гардиши савдои дуҷониба, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ барои рушди содирот ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.

Қайд бояд кард, ки дар моҳҳои январ-апрели соли 2021 гардиши савдои дуҷониба 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 133 млн. доллари ИМА баробар гардидааст.

Вохӯрӣ дар фазои созанда ва дӯстона баргузор гардида, тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои судманд изҳор карданд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное