Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Умед» дар ноҳияи Данғара

.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии “Умед”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази хизматрасонӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Қунғуротзода дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз 3 ошиёна иборат буда, дорои ҳамом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.

Асонои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии мазкур мағозаи фурӯши маҳсулоти хурока ва ҳамоми замонавӣ бо пари буғӣ, тафсон ва ҳавзи оббозӣ, дар ошёнаи дуюм сартарошхона, кошонаи ҳусн толори фурӯши либосҳои арусӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯшӣ либосҳои мактабӣ ва миллӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ имрӯз 16 нафар занону бонувон ба кор ҷалб карда шуданд, ки қаблан хонашин буданд.

Ифтитоҳи ин коргоҳи дӯзандагиро занону бонувон нишона аз татбиқи амалии “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маънидод намуда, аз ин иқдоми созанда ва бунёдкорона изҳори сипосу минатдорӣ менамоянд.

Дар маҷмуъ бо сохта мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонии “Умед” 40 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ошёнаи сеюмин ин иншоот барои баргузории туйи маъракаҳо пешбини гардида, имкон дорад дар як вақт ба 150 нафар хизмати баланд расонад ва дар дигар маврид дар ин қисмат ҳамчун ошхона барои аҳолӣ ва меҳмонон хизмат расонида мешавад.

 Тарабхонаи ин Маркази хизматрасонии навбунёд бо нақшу нигори мииллӣ оро дода шуда, он дар муаррифии санъати баланди меъмории миллӣ ба меҳмонон, хоса сайёҳон замина мегузорад.

Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва ҳусни шаҳраки Данғара зебогии бештарро касб намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба беш аз 70 нафар ятими кул аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, кору фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.

Боиси хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин Маркази муосири хизматрасонӣ ва тақдими тӯҳфаҳо ба ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати дар оянда низ анҷом додани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳои муфид доданд.

http://www.president.tj/node/21353