Ба истифода додани бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи замини ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.
Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара сохторҳои зертобеи дар ноҳияи Данғарабудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир аст.
Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 30 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, утоқи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои лозима мебошад.
Ҳамчунин ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои муосир барои фаъолияти кормандон насб карда шудааст.
Бинои Идораи Кумитаи замини ноҳияи Данғара бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.
Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани кормандон бо нерӯи барқ трансформатори иқтидораш 160 кВ насб карда шудааст.
Дар баробари ин гирду атрофи бино низ чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудааст.
Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доираи солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳанарҳои мардумӣ» сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳоди мамлакат гардид.
Аснои ба истифода супоридани иншооти мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар чунин шароити замонавӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии масъулияти бардушдошта ва дар сатҳи баланд ба мардум хизматрасони намудан вазифадор карданд.