Навиди иқтисодӣ

Рушди босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳимтар аз сулҳи тиҷоратӣ бо ИМА

.

 

 

 

Рушди босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳимтар аз сулҳи тиҷоратӣ бо ИМА

Тибқи иттилои «Вести.Экономика» ҳамоҳангсози тадқиқоти иқтисодии «HSBC» дар минтақаи Осиё дар мусоҳиба бо телевизиони «CNBC» изҳор намуд, ки натиҷаи созишномаи тиҷоратӣ миёни ИМА ва Ҷумҳурии Халқии Хитой худ аз худ ба беҳтаршавии вазъи савдо ва бо суръат рушд ёфтани иқтисодиёти ҷаҳон оварда намерасонад.

Суръати рушди иқтисодиёт дар Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон айни замон паст буда, нишондиҳандаҳои тиҷорати ҷаҳонӣ суст шуда истодааст.

Созишномаҳои тиҷоратии байни ИМА ва Хитой метавонад яке аз хавфҳоро бартараф намояд, вале ба беҳтаршавии вазъи иқтисодиёти ҷаҳон мусоидат намекунад.

 

 

 

Ҷопон ҳаҷми воридоти нафтро аз Федератсияи Россия назаррас кам кард

.

 

 

 

Мувофиқи маълумоти «Вести. Экономика» Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Ҷопон иттилоъ медиҳад, ки дар моҳи январ Ҷопон воридоти нафтро аз Федератсияи Россия бо ҳисоби солона 40,5 фоиз кам кард.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ Ҷопон дар маҷмӯъ 14,8 млн. тонна нафт ба маблағи 638 млрд. йен воридот намуд. Дар баробари ин воридоти гази моеъи Россия (СПГ) ба Ҷопон дар моҳи январ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта то 616,9 ҳазор тонна коҳиш ёфт.

Ҷопон дар ҷаҳон яке аз калонтарин кишварҳои воридкунандаи гази моеъ ба ҳисоб рафта, дар моҳи январ харидории гази моеъро аз бозори ҷаҳонӣ 8,6 фоиз то 7,55 млн. тонна коҳиш дод.

 

 

 

Иқдоми шоҳигарии Қатар оид ба истеҳсоли нерӯи барқи арзон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

.

 

 

 

Мувофиқи маълумоти «Sputnik» Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад, ки ширкати қатарии «Redco International» иқдом намудааст, ки лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ намояд.

Оид ба масъалаи мазкур миёни намояндагони Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон ва роҳбари ширкати қатарии «Redco International» гуфтушунидҳо баргузор гардид.

Ширкати «Redco International» чунин лоиҳаҳоро аллакай дар давлатҳои Озарбойҷон, Покистон, Нигерия ва Қазоқистон бо назардошти таъмини нарх ба андозаи 4 сент барои як квт/с. (тақрибан 336 сӯм) истеҳсоли барқро оғоз намудааст.

 

 

 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное