Навиди иқтисодӣ

Зиёд намудани таҳримҳои Украина бар зидди Федератсияи Россия

.

Ҳукумати Украина воридоти номгӯи маҳсулоти манъкардашударо аз Федератсияи Россия зиёд намуд. Бахусус зарфҳо барои консервакунонӣ, контейнерҳо барои нӯшокӣ ва маҳсулот, формалин ва дигар номгӯи маҳсулот мебошанд.

Коҳишёбии рушди иқтисодиёти Ҷумурии Фаронса

.

 

 

 

 

Аз рӯи ҳисоботи таҳлилии бонки ING дар мавриди бе созишнома баромадани Британияи Кабир аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо рушди иқтисодиёти Фаронса дар соли 2019-ум 0,2 фоиз коҳиш ёфта, ба 1,1 фоиз баробар мегардад. Инчунин ҳаҷми савдо байни Фаронса ва Британияи Кабир ба андозаи 20 фоиз коҳиш меёбад.

Ҷумҳурии Халқии Хитой намехоҳад аз мақоми кишвари тараққикардаистода дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо даст кашад

.

Тибқи маълумоти Агентии «South China Morning Post» Ҷумҳурии Халқии Хитой намехоҳад аз низоми махсус ва фарқкунанда, ки он ҳамчун кишвари тараққикардаистода дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо истифода мебарад, даст кашад.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное