Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея ва Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

25 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея Квон Донг Сок ва Директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIСA) Джонг Минёнг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

 

24 августи соли 2022 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шӯро) таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқи Амин бо иштироки роҳбарони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон, Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва намояндаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Со Бёнсу

.

 

22 августи соли 2022 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо ҳайати кореягӣ таҳти роҳбарии Фиристодаи махсуси Президент, узви Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея ҷаноби Со Бёнсу баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное