Дастгирии фаъолияти соҳибкории муҳоҷирон

.

23 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи лоиҳаи «Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ», ки тавассути Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD) бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мегардад, дар мавзӯи «Дастгирии фаъолияти соҳибкории муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон баргаштаанд», семинари машваратӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳо дахлдор, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд. 

Мулоқот бо намояндагони KOICA

.

15 июни соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти муовини Вазир, Умед Давлатзод бо ҳайати бонуфузи Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA), ки таҳти роҳбарии директори Департаменти Осиёи Агентии мазкур, ҷаноби Ли Донг Ку ба вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ташриф овардаанд, баргузор гардид. 

Баррасии масъалаҳо вобаста ба СУС

.

Имрӯз дар вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ доир ба иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод доир гардид. 

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное