КУЛОЛГАРӢ

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

КУЛОЛГАРӢ – хунарест, ки аз лои махсус зарфхову лавозимоти дигар месозанд. Ин соҳаи ҳунармандӣ дар байни тоҷикон аз давраҳои қадим маъруфу маъмул аст. Натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз он шаҳодат медиҳанд.

Аз хоки махсус тайёр кардани зарфро одамон ҳанӯз аз ибтидои давраи неолит (ҳазораи 5 то милод) омӯхта буданд. Барои паҳншавии кулолгарӣ мавҷуд будани хоки мувофиқ мусоидат намуд. Кулолӣ – гили кулолӣ аз давраҳои қадим маҳсулоти аз ҳама наздик ва аз ҳама дастрас ба шумор мерафт. Дар асрҳои қадим баъд аз гулханҳои калоне, ки онҳо истифода мебурданд, дарёфтанд, ки гили дар он ҷои гулхан афрӯхта ва алов сӯхташуда нисбатан сахт ва боқувват мешавад. Аз ҳамон замонҳо сар карда одамон ба сохтани чизу чораҳои гилин сар карданд ва он чизҳоеро, ки месохтанд дар оташҳои калон мепухтанд. Оҳиста-оҳиста онҳо ба сохтани ашёҳои рӯзгоре, ки ба онҳо лозим буд, гузаштанд: косаю табақ, дегу кӯзаҳо ва дигар олотҳои рӯзгор ва бозичаҳоро тадриҷан дар тафдонҳои махсус мепухтанд.

Бо пайдо шудани маҳсулоти дигар, ба монанди оҳан, шиша, тилло, нуқра, мис ва кашф шудани гили сафед – чинӣ (фарфор) гили кулолӣ қиммати худро гум накард.

Дар ибтидо кулолгарӣ пешаи занон буда, пас аз ихтирои чархи кулолӣ мардҳо ҳам ба кулолгарӣ машғул шуданд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное