Атлас

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

АТЛАС / АТЛАСБОФӢ, навъе аз матои абрешимӣ ва нимабрешимист. Аз атласи абрешимӣ асосан либоси занона, аз атласи нимабрешимӣ бошад, кӯрпаю кӯрпача ва ғайра медӯзанд. Дар гузашта атласи Хуҷанд, Самарқанд, Конибодом, Андиҷон хеле машҳур буд. Атласи олисифат ва хушрангро хонатлас меноманд, ки дар дастгоҳҳои махсус мебофанд. Нусхаҳои анъанавиаш шоҳсабз, барги карам ва атласи сиёҳ ном доштанд.

Ду навъи атласи анъанавӣ: чорпопушалӣ ва ҳаштпопушалӣ маъруф буд.

Корхонаҳои дар Душанбею Хуҷанд, Шаҳринаву Қӯрғонтеппа воқеъгардидаи иттиҳодияи “Тоҷикатлас” зиёда аз 25 навъи атлас “Баҳори Тоҷикистон”, товус, ҷавонӣ, тӯҳфа, тӯёна, муҳаббат, дилором ва ғайра истеҳсол мекунанд. Либоси атлас – либоси дӯсдоштатарини занону духтарони тоҷик аст.

Мардуми тоҷик дар «Шоҳроҳи абрешим» (аз Чин то Fарб) дар давоми ҳазорсолаҳо бо матоъҳои абрешимии худ маъруф буд. Намунаҳои абрешими суғдӣ то имрӯз дар осорхонаҳои Аврупо, Осиё ва Амрико ҳифз мешаванд. Матоъҳои нафису ҳайратовар ва нақшу нигоршудаи тоҷик, дар бозорҳои мамолики Шарқу Fарб хеле серхаридор буданд.

Дар санъати ороиши матоъҳо давраҳои мураккаби таърихи бисёрасраи он, эҷодиёти ҳазорҳо устодони боистеъдоди тоҷик инъикос ёфтаанд. Бо¬фандаҳои тоҷик дар санъати тайёр намудани матоъҳои абра/авра ба дараҷаи олӣ расида буданд.

Дар Тоҷикистони таърихӣ (Бухоро, Самарқанд, Марғелон) ва имрӯза (Хуҷанд, Ҳисор, Конибодом, Қурғонтеппа) дар нимаи дуввуми асри ХIХ, бештар аз 25 навъи матоъҳои назаррабою хушранг, аз ҷумла, атлас, хонатлас, адрас, рӯйҷойҳои абрешимӣ истеҳсол мешуданд. Тарзи тайёр ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, нимшоҳӣ, пахтагии тоҷик басо куҳан аст ва пайдоиши ин тарзи истеҳсоли матоъҳо аз анъанаҳои бофандагии тоҷик сарчашма мегирад.

Истилоҳи матоъҳои абра/авра имрӯз асососан байни тоҷикон – минтақаҳои асосии тоҷикнишини Бухоро, Самарқанд, Марғелон, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Ҳисор, Душанбе, Шаҳринав, Регар, Қурғонтеппа (Леваканд), умуман водии Вахш ва ғайра боқӣ мондааст. Матоъҳои абра/авра – ин матоъҳои пурқимате, ки дар тайёр намудани сару либос ва рӯи анҷом истифода мегаштанд.

Аз лиҳози тарзи бофт матоъҳои абраро ба ду гурӯҳ тақсим мекунанд: матоъҳои бофти гарнитурӣ ва бофти атласӣ. Гурӯҳи матоъҳои бофти атласӣ – матоъҳои ҳамвори ҷилодор асосан матоъҳои абрешимиро дар бар мегиранд: атласҳои чоргула, хонатлас – ҳаштгула ва ё дувоздаҳгула, матоъҳои нимабрешими якрӯя. Зебогӣ ва тобиши бофти атлас вобаста ба шумораи гулаи бофт аст, ки шумораи онҳо сифати матоъҳои атласро беҳтар менамоянд. Вобаста бо теъдоду зичии гула атласҳо ба чунин навъҳо табақабандӣ ме-шаванд: ба чоргулаи оддӣ, ҳаштгула ва дувоздаҳгула.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное