15 Январ 2019

Хоҳиши ба дигар кишварҳо муҳоҷир шудани шаҳрвандони Амрико

 

 

 

Хадамоти иҷтимоии «Gallup» иттилоъ медиҳад, ки қариб 16 фоизи шаҳрвандони Амрико мехоҳанд, ба дигар кишварҳо ба ҷойи зисти доимӣ раванд.

Асосан хоҳиши муҳоҷир шудан аз ИМА ҷавонони дар сини 30 сола изҳор намудаанд.

Бояд қайд кард, ки зиёда аз 26 фоизи шаҳрвандони ИМА давлати Канадаро интихоб намуданд.

 

 

 

Читать далее

Рушди иқтисодиёти Сербия дар соли 2018

 

 

 

Роҳбари Идораи омори Сербия изҳор намуд, ки иқтисодиёти кишвар дар соли 2018 ба андозаи 4,4 фоиз афзоиш ёфт. Дар соли 2018 хароҷоти истеъмолӣ ва сармоягузорӣ дар Сербия 9,1 фоиз зиёд гардид.

Рушди иқтисодиёти кишвар дар ин давра аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 2,0 фоиз, аз ҷумла рушди соҳаи саноати коркард 2,1 фоиз, сохтмон 10,9 фоиз, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 16,3 фоиз ва содироти мол ба 9,0 фоиз таъмин гардид. Таварруми солона 2,1 фоиз ва сатҳи бекорӣ 11,3 фоизро ташкил намуд.

Инчунин Хазинаи Байналмилалии Асъор дар моҳи октябр изҳор намуда буд, ки иқтисодиёти Сербия дар соли 2018 4,0 фоиз, дар соли 2019 3,5 фоиз ва дар соли 2020 4,0 фоиз афзоиш меёбад.

 

 

 

Читать далее

Коҳишёбии содироти нафти Ҷумҳурии Боливия

 

 

 

Тибқи маълумоти «Вести Экономика» дар соли 2018 дар заминаи буҳрони иқтисодӣ истихроҷи нафти Ҷумҳурии Боливия коҳиш ёфта, содироти он ҳамагӣ 1,2 млн. баррелро дар як шабонарӯз ташкил намудааст, ки нишондоди пастарин дар 28 соли охир ба ҳисоб меравад.

Яке аз даромади асосии буҷети Ҷумҳурии Боливия содироти нафт мебошад, ки истеҳсоли он аз сабаби бӯҳрони иқтисодӣ боз ҳам паст рафта истодааст.

Дар баробари ин Ҷумҳурии Боливия таҳти фишори қарздиҳандагони ИМА қарор дорад, ки барои ба даст овардани дороиҳо кӯшиш менамоянд. Амрико пас аз 10 январи соли ҷорӣ таҳримҳоро нисбат ба Ҷумҳурии Боливия зиёд менамояд.

 

 

 

Читать далее

Ҷорӣ намудани андози нав аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон

 

 

 

Тибқи маълумоти шабакаи «NHK» дар мавриди баромадан аз кишвар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҷопон ва шаҳрвандони хориҷӣ пардохти андозӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор йиен (9 доллари ИМА) зарур мебошад.

Маблағи муайянгардида ба таври автоматикӣ ба арзиши чиптаҳои мусофирон барои киштиҳо ва ҳавопаймо илова карда мешавад. Аз пардохти андози мазкур мусофирони транзитӣ (на камтар аз 24 соат дар Ҷопон қарор дорад), кӯдакони то 2 сола, инчунин намояндагони дипломатӣ, сафирони кишварҳои хориҷӣ ва меҳмонони давлатӣ озод карда мешаванд.

Мутобиқи ҳисобҳои Ҳукумати кишвар ҷорӣ намудани андози нав дар як сол ба буҷет тақрибан 50 млрд. йен (460 млн. доллар) маблағи иловагӣ ворид мешавад.

 

 

 

Читать далее

Кам намудани меъёри захираҳои ҳатмии бонкҳо аз ҷониби Бонки марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой

 

 

 

Тибқи маълумоти Агентии «Bloomberg» Бонки марказии Ҷумҳурии Халқии Хитой тасмим гирифтааст, ки барои озод намудани пардохтпазирӣ ва дастгирии рушди иқтисодиёт меъёри захираҳои ҳатмиро барои бонкҳо ба андозаи 1 банди фоизӣ коҳиш диҳад.

Бонки халқии Хитой изҳор намуд, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ аз 15 январи соли ҷорӣ 0,5 банди фоизӣ ва аз 25 январ боз 0,5 банди фоизӣ кам карда мешавад.

Меъёри захираҳои ҳатмӣ барои бонкҳои тиҷоратии азим 14,5 фоиз ва барои қарздиҳандаҳои хурд 12,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

 

 

Читать далее

Сустшавии сатҳи таваррум дар минтақаи «Евро»

 

 

 

Тибқи маълумоти пешакии Идораи омори Аврупо (Eurostat) сатҳи таваррум дар минтақаи евро дар моҳи декабри соли 2018 назаррас суст гардидааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар минтақаи евро дар моҳи декабри соли 2018 бо ҳисоби солона 1,6 фоиз афзоиш ёфт. Индекси нархҳои истеъмолӣ бе назардошти нархҳои қувваи барқ, маҳсулоти хӯрока ва нӯшокиҳои спиртӣ (Индекси CPI Core) дар моҳи декабри соли 2018 бо ҳисоби солона 1,0 фоиз зиёд гардид.

Сустшавии таваррум асосан аз ҳисоби коҳишёбии нархи нафт ба миён омад.

 

 

 

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное