08 Ноябр 2016

6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон

3 ноябри соли 2016 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.


Ҷамъомади тантанавиро бо сухани муқаддимавӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Гулрӯ Ҷабборзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати тақдирсоз буда, барои рушду нумӯи кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ кормандони Раёсати таъминоти ҳуқуқии Вазорат – О. Алидодов, Д. Чалая ва Б. Гулрузов зимни суханрониашон қайд карданд, ки Конститутсия яке аз муҳимтарин рукнҳои мавҷудияти давлати соҳибистиқлол буда, барои рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

Читать далее

Вохӯрии Саидраҳмон Назризода бо намояндагони Департаменти тиҷоратии ноҳияи Мухтори Синтсзян- Уйғури Чин

1 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назризода бо ҳайати намояндагони Департаменти тиҷоратии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное