ПРЕСС- РЕЛИЗ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2023

.

 

 

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ПРЕСС- РЕЛИЗ

оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти вазорат дар соли 2023

Дар соли 2023 вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои ҳарбию тиҷоратӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим шиддат гирифта, иқтисоди глобалиро ноустувор ва душвор гардонид.

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев

.

  

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Вохӯрии Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Миссияи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

  

1 феврали соли 2024 мулоқоти Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо Директори Миссияи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID) дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар доираи он масъалаҳои рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное