Суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз кулли мардуми фарҳангдӯсту маърифатпарвари тоҷик ва ҳамаи шумо - ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик - Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик мегӯям.