Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти Вазир бо Кунио Микурия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот, ки дар шароити ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва созмони мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, аз сатҳу сифати робитаҳои тарафайн дар давоми ин солҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки баъди воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо кишварамон баҳри таъмини уҳдадориҳояш дар назди ин созмон, аз ҷумла дар самти гумрук кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҷонибҳо ҳамчунин дар атрофи ҷорӣ намудани Равзанаи ягона дар кишвар, хубтар ба роҳ мондани мубодилаи иттилоотӣ байни хадамотҳои гумрукии кишварҳои ҳамҷавор, дастгирии Созмони ҷаҳонии гумрук дар самти омодасозии кадрҳо ва таъминоти техникӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи зарурӣ баён доштанд. 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное