Навиди Вазорат

Мизи мудаввар бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Корея

.

30 июни соли 2022 таҳти роҳбарии Сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифи бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мизи муддавар оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

30 июн таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022

.

30 июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба гузаронидани таҳлил ва баҳодиҳии ҷараёни иҷрои барномаҳои соҳавӣ ва минтақавӣ дар соли 2022 бо роҳбарии Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид-Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (роҳбари Гурӯҳи корӣ) баргузор гардид.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное