Навиди Вазорат



Ифтитоҳи Коргоҳи истеҳсоли арматура дар шаҳри Гулистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур дар масоҳати умумии 2,4 гектар аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдушукур Раҷабов бунёд шудааст. Баъди ифтитоҳи корхона 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхона асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” дар давоми се моҳ бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии то 50 ҳазор тонна маҳсулот дар як сол мебошад.

Дар ин корхона тавассути технологияи нави чинӣ арматураи тамға (марка)-и 335, 400, 500 ва 600, ки қутрашон аз 8 то 32 миллиметрро ташкил медиҳад, истеҳсол мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки тақрибан 30 фоизи ашёи хом аз дохил ва боқимондаи он тибқи шартнома, аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда мешавад. Маҳсулоти кимиёвӣ барои чандирӣ ва тобоварии арматураро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид мекунанд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Маҳмуд ва Компания” низ чун дигар корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон истифодабарандаи муҳими неруи барқ ба ҳисоб меравад. Барои таъмини хати истеҳсолӣ бо барқ дар ҳудуди ҷамъият 7 адад трансформатор насб карда шудааст. Як шарти бомуваффақият фаъолият кардани корхонаи саноатӣ дар шароити кунунӣ тавассути воридоти технологияи каммасраф коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот ба ҳисоб меравад. Масъулони корхона ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки ҳангоми оғози кор ин трансформаторҳо даҳ ҳазор киловатт-неруи барқ истифода мебаранд ва замоне ки кор оғоз шуд, хароҷоти барқ то панҷ ҳазор киловатт коҳиш меёбад. Ҳамин тариқ, онҳо метавонанд, ки бо маҳсулоти хушсифат ва арзон дар бозор мавқеи худро пайдо кунанд.

Пешвои миллат ба роҳбарияти Ҷамъият ҷиҳати анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ дар ҳудуди корхона ва беҳтару хубтар кардани шароити иҷтимоии кормандон низ маслиҳатҳои муфид доданд.

Ба иттилои масъулини бахши саноатии шаҳри Гулистон, соли сипаришуда корхонаҳои соҳавии ин шаҳр ба маблағи умумии се миллиарду 422 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Акнун бо фаъол шудани боз як коргоҳи боиқтидори саноатӣ ҳаҷми ин маҳсулот боз ҳам афзунтар хоҳад шуд ва ин имкон хоҳад дод, ки ҳадафҳо дар мавриди саноатикунонии босуръати мамлакат ҳарчи зудтар амалӣ гарданд.

http://president.tj/node/19754

 

 

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное