Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндагони Бонки Осиёгии Рушд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

 

Рӯзи 2 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Намояндагони Бонки Осиёгии Рушд таҳти роҳбарии Тариқ Ниёзӣ, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Мақсади ташриф ин муҳокима намудани самтҳои ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд барои солҳои минбаъда, аз ҷумла макроиқтисод ва сиёсати фискалӣ, рушди бахши хусусӣ ва фазои сармоягузорӣ, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ, болобарии мавқеи кишвар дар раддабандии "Doing Business", диверсификатсияи савдои хориҷӣ ва рақобатнокии он мебошад.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вобаста ба соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, бонкдорӣ, суғурта, туризм ва инфрасохтори сайёҳӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда баён намуданд.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное