Навиди Вазорат



Таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар Вазорат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.

Дар оғоз Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода кормандонро бо фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз, самимона табрику таҳният намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки имрӯзҳо баҳори нозанин ва Наврӯзи оламафрӯз бо паёми хуҷастаи сарсабзию шукуфоӣ қадами файзбор ба сарзамини биҳиштосои мо мениҳад ва аз файзи қадаму нафаси мушкфишонаш ин куҳандиёр дигарбора ҷавон мегардад.

Дар ҷараёни ҷашни тантанавӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ бо руҳияи идона барои боз ҳам хушу хотирмон гузаштани чорабинӣ дар васфи Наврӯзу баҳор бо шукргузорӣ аз фазои соҳибистиқлолии кишвар шеърҳо қироат намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар вазорат бо анъанаҳои аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное