Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори генералии “Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку”

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

16 марти соли 2019 дар ҳошияи сафар ба Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷиҳати иштирок дар VII Форуми ҷаҳонии Боку, боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода аз Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку сурат гирифт.

 

Дар рафти мулоқот бо Директори генералии Бандари мазкур Толеҳ Зиядов маълумоти муфассал оид ба фаъолияти он манзур гардида, пешниҳод карда шуд, ки имкониятҳои бандар барои ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон фаровон истифода бурда шаванд.

Қобили зикр аст, ки Бандари баҳрии тиҷоратии байналмилалии Боку дар соли 2018 мавриди истифода қарор дода шуда, масоҳати он 117 гектарро ташкил медиҳад ва он дорои 12 киштигоҳ мебошад. Иқтидори бандари мазкур барои интиқоли борҳо дар як сол то 15 миллион тоннаро ташкил менамояд ва ҷиҳати истифодаи фарогир аз имкониятҳои бандар, дар назди он минтақаи озоди иқтисодӣ бунёд шудааст. “Истифодаи бандар натанҳо барои интиқоли борҳо, балки барои таъмини ҳамкориҳои бештари минтақавӣ саҳмгузор хоҳад буд”, қайд намуд Т.Зиядов.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное