Вохӯрии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳайати соҳибкорони хитоӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳайати соҳибкорони хитоӣ таҳти роҳбарии Ху Син – Менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратии Ширкати Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп Инк баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории вохӯри ин иҷрои банди 32 аз 29 декабри соли 2017, №АП-984, банди 11 аз 2 январи соли 2019, №АП-1146-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дарҷгардида ва банди 33-и супориши протоколии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2018, №2к/84-24 мебошад.

Дар назар аст, ки Ширкати Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк»-ро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар сиклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дузандагӣ, аз ҷумла марҳилаи якум бо маблағгузории 130 млн. ИМА ва марҳилаи дуюм бо маблағгузории 170 млн. доллари ИМА пурра сохта ба истифода медиҳад.          Дар маҷмӯъ 5500 ҷойҳои корӣ, аз ҷумла 3750 ҷойҳои кории мустақим таъсис дода шуда, тахминан 35000 тонна нахи пахта дар як сол коркард карда мешавад.          Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное