Навиди Вазорат



УНИВЕРСИАДАИ ПАТЕНТИИ АВРУОСИЁГӢ «НАЗАР БА ОЯНДА»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ «Назар ба оянда» (минбаъд - универсиада) бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва баландбардории рағбати онҳо ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ баргузор карда мешавад.

Универсиада аз санаи 1 январ то 9 сентябри соли 2019 баргузор карда мешавад.

Барои иштирок дар универсиада толибилмони ташкилотҳои таҳсилоти умумии анҷомдиҳандаи барномаҳои таълимии миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ, олӣ, инчунин дигар шахсони ҳавасманди синну соли аз 10 то 25 сола даъват карда мешаванд.

Универсиада аз рӯи ду категорияи синусолӣ дар намуди озмуни корҳои эҷодӣ ё лоиҳаҳо аз рӯи мавзуъҳои зерин баргузор карда мешавад:

• категорияи I -уми синусолӣ (аз 10 то 17 сола) - «Аз афсона-ба ҳаёт: ҳалҳои ҷолиб»;

• категорияи II -уми синусолӣ (аз 18 то 25 сола) - «Оянда аз назари ҷавонон: аз ғоя то патент».

Кори эҷодӣ ё лоиҳаи эҷодӣ метавонанд ҳам аз ҷониби иштирокчии алоҳидаи универсиада ва ҳам аз ҷониби гуруҳи иштирокчиён, мустақилона ё таҳти роҳбарии илмӣ иҷро карда шаванд.

Корҳои эҷодӣ (лоиҳаҳои эҷодӣ) ба Идораи патентии авруосиёгӣ дар муҳлати аз 1 январ то 30 апрел ба шакли қоғазӣ ба суроғаи зерин равон карда мешаванд: Россия, 109012, ш. Москва, хиёбони М. Черкасский, хонаи.2. Дар якҷоягӣ бо кори эҷодӣ (лоиҳаи эҷодӣ) ба Идораи патентии авруосиёгӣ ариза барои иштирок дар универсиада равон карда мешавад.

Як иштирокчии универсиада (гуруҳи иштирокчиён) дар соли ҷорӣ метавонад як кори эҷодӣ ё як лоиҳаи эҷодиро равон намоянд.

Туҳфаи асосии ғолибони универсиада ин ташриф ба қароргоҳи Идораи патентии авруосиёгӣ дар шаҳри Москва барои шиносоӣ мебошад. Ғолибони универсиада инчунин бо медали Идораи патентии авруосиёгӣ Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ «Взгляд в будущее» (Назар ба оянда), туҳфаҳои қимматбаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ҷоизадорони универсиада бо медали Идораи патентии авруосиёгӣ Универсиадаи патентии Авруосиёгӣ «Взгляд в будущее» (Назар ба оянда), туҳфаҳои қимматбаҳо ва дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд

Маълумоти муафассал дар сомонаи: www.eapo.org

Маълумот барои ҳамоҳангсозӣ:

Тел: 2222153;935321002;907762322

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ; Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. .

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное