Навиди Вазорат



Мулоқоти намояндагони Тоҷикистон бо Озарбойҷон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзи 27 декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат реҷенсӣ» таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъмутулло Ҳикматуллозода дар якҷоягӣ бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мулоқоти дуҷониба бо ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки зери сарварии Вазири иқтисоди Озарбойҷон ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, доир ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба, аз ҷумла савдои хориҷӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, алоқаи ҳавоӣ ва рӯизаминӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное