Ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

 

 

 

 

Бо мақсади рушди ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 18 сентбри соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ баргузор гардид.

Ҳамраиси қисми Тоҷикисонии комиссия Неъматулло Хикматуллозода - Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитойро ҷаноби Ли Ченганг- Ёрдамчии вазири тиҷорати он ҷониб ҳамраиси кард.

Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи бештар ба пешбурди сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дода шуд.

Ҷонибҳо муҳиммияти ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, истеҳсолот, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, сайёҳӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бонкдорӣ ва ғайра таъкид намуданд.

Дар анҷоми ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Хитой оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ Протоколи дахлдор ва мактубҳои мубодилавӣ  оид ба сохтмони бинои Парлумон ва маҷмааи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное