Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо санади қабули гранти ройгон ба маблағи 2 миллион доллар барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

29 январи соли 2024 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин санади қабули гранти ройгон ба маблағи 2 миллион доллар барои сохтмони толори маҷлисгоҳ дар бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид.

Қобили қайд аст, ки гранти мазкур аз ҳисоби номаҳои табодули байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин 21 августи соли 2023 дар ҷараёни сафари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расиданд.

Ҳамзамон пас аз имзои санади мазкур мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин, муҳтарам Си Ҷинпин, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии байни кишварҳо ба сатҳи нав расида, ҳаҷми савдои хориҷии мутақобила сол то сол зиёд гардида истодааст.

Инчунин қайд гардид, ки савдои мутақобилаи хориҷии кишварҳо дар соли 2023 24 фоиз афзоиш ёфта, Чин дар сохтори гардиши савдои хориҷии кишвар дар ҷои дуюм қарор дорад.

Дар доираи мулоқот, ки дар фазои дӯстона сурат гирифт, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва иқтсоди сабзро баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин рафти сохтмони бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бинои «Б»-и ин иншоотро баррасӣ карданд.

Дар охири мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор намуданд.

  

  

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное