Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро баррасӣ намуданд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

11 январи соли 2024 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқи Амин бо Сафири навтаъини Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.

Завқизода З. А. Йорк Шуграфро бо оғози фаъолияти дипломатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда ба ӯ муваффақиятҳои касбӣ орзу намуд.

Қайд гардид, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Канслери федеролии Олмон Олаф Шолтс муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии ду кишварро ба сатҳи сифатан нав баромаданд.

Дар натиҷа ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Олмон дар соли 2023-юм 60 фоиз афзуда, 183 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар доираи вохӯрӣ, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодиро, аз ҷумла ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037 ва лоиҳаҳои соҳаи иқтисоди рақамӣ, таъсиси корхонаҳои саноати бахусус дар самти истеҳсоли таҷҳизоти электронӣ дар Тоҷикистон, инчунин татбиқи лоиҳаҳо барои пешгирии оқибатҳои манфии офатҳои табииро муҳокима намуданд.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ Завқизода З. А. аз ҷониби олмонӣ дархост ба амал овард ки, маблағгузорӣ ба соҳаи иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ, маориф, тандурустӣ ва сайеҳиро бештар намоянд, ки хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

  

  

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное