Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ҳамоҳангсози Намояндагии СММ дар Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

26 апрели соли 2023 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Ҳамоҳангсози Намояндагии СММ дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами вохӯрӣ намуд, ки дар доираи он тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Пеш аз ҳама Завқизода Завқӣ Амин хонум Парвати Рамасвамиро барои ба вазифаи нави масъулиятнок таъин шуданаш табрик намуда, ба ӯ муваффақиятҳои касбӣ таманно кард.

Қайд гардид, ки таҳти сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, бахусус бо СММ барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди устувор муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар робита ба ин ба Намояндагии СММ дар Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва ҳиссагузорӣ дар рушди устувори иқтисодии кишвар миннатдорӣ баён карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ, ҷалби маблағҳои грантӣ вобаста ба пешгирии таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Илова бар ин ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани мизи мудаввар оид ба муаррифии лоиҳаи Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Инчунин қайд гардид, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешсаф оид ба ташаббусҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим буда, дар минбаъда дастгирии лоиҳаҳои самти мазкур ва иқтисоди «сабз» муҳим мебошад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо қайд карданд, ки ҷиҳати мусоидат намудан ба густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида омода мебошанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное