Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Мулоқоти Вазир бо Сафири Амрико

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Баррасии ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз мавзуъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода бо Сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар кишвар хонум Сюзан М.Эллиотт маҳсуб меёфт, ки рӯзи 17 апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид. 

Ҳангоми мулоқот, ки дар шароти ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, таъмини суботи макроиқтисодӣ, раванди ислоҳоти иқтисодӣ, ҷараёни мувофиқа ва татбиқ намудани барномаҳои сатҳи минтақавӣ, тақвияти иқтидори содиротӣ, фаъолияти ширкатҳои амрикоӣ дар кишвар, ҷалби сармоягузорӣ, ҳамчунин масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва шуғли аҳолӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное