Мулоқоти Вазир бо Сафири Туркманистон
Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар оғози вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ишонқулӣ Аманлыев, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид, заминаи хуби ҳамкориро байни ду кишвар махсусан қайд намуд.
Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар дар моҳҳои январ-июни соли соли ҷорӣ тибқи маълумоти расмии оморӣ 47,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан маҳсулоти меваю сабзавот ва сими алюминий содир шуда, аз Туркманистон ба Тоҷикистон бештар равғани растанӣ, гази моеъ ва маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.
Дар анҷом, мусоҳибон рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, вусъати гардиши мол байни ду кишвар, татбиқи лоиҳаи муштарак, аз ҷумла сохмони роҳи оҳани Тоҷикистон- Афғонистон-Туркманистон, қубури гази транзитӣ, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо, гузаронидани рӯзҳои фарҳангӣ афзалиятнок ҳисобида, омодагии кишварашонро барои вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд.