Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии ҷаноби Ян-Петер Олтерс баргузор гардид.

Мақсад аз ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ ин мубодилаи афкор намудан пиромуни татбиқи лоиҳаи Digital CASA Tajikistan, ки барои рушди савдои минтақавӣ ва ҳамгироӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани асосҳои рақамӣ равона шудааст, мебошад.

Инчунин дар рафти вохӯрӣ вобаста ба таҳияи Барномаи навбатии миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва ҷалби мушовирони Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати таҳияи он, Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он бо иштироки мутахассисони сатҳи байналмилалӣ таҳия намудани Барномаи миллии иқтисодиёти рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули назар сурат гирифт.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо омодагии худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои қайдгардида баён доштанд.

     

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное