Навиди Вазорат



Мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Вазири молия, мушовири аршад ва намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ҳумоюн Қайюмӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

 

Рӯзи 4 июли соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири молия, мушовири аршад ва намояндаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ҳумоюн Қайюмӣ, ки ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, баргузор гардид.

Дар рафти маҷлис ҷонибҳо дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, аз ҷумла рушди гардиши савдои хориҷӣ, ҷоннок намудани ҳамкориҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва имконияти транзитӣ, энергетика ва пружаҳои энергетикӣ, саноат ва таъсиси корхонаҳои муштарак, сармоягузорӣ ва ҷалби соҳибкорон дар Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ғайра суҳбат намуданд.

Дар поёни вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён карданд.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное