Навиди Вазорат



Мулоқот бо намояндагони Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори минтақавии UNFPA барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ хонум Аланна Армитаҷ мулоқот намуданд.

Дар оғози мулоқот Неъматулло Ҳикматуллозода меҳмони олиқадрро барои ташрифи нахустинаш ба кишварамон хайра мақдам намуда, бо 50-солагии таъсиси Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) ва 25-умин солгарди барномаи амалии Конфронси байналмилалии аҳолӣ ва рушд (ICPD) табрик намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ мавзӯъҳои марбут ба саломатии модару кӯдак, банақшагирии оилавӣ, барномаи пешгирии саратон, бақайдгирии аҳолии соли 2020 ва тарзи ҳаёти солими ҷавонон баррасӣ шуданд. Ҳамчунин масъалаҳои дигари иҷтимоӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное