Навиди Вазорат



Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

30 апрел таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Нахуст “Дар бораи тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” гузориши Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Таъкид гардид, ки тартиби мазкур дар асоси усулҳои муосири самарбахши идоракунии давлатӣ, бахусус ҷиҳати тақвияти сиёсати давлат дар маҳал таҳия гардида, хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзлиятҳо ва захираҳои мавҷудаи шаҳру ноҳияҳоро ба инобат мегирад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки барои ба низоми ягона овардани раванди таҳияи барнома, нақшаҳои рушд ва тақвият бахшидани рафти ҳамоҳангсозии онҳо ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар, аз қабили “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030” аҳамияти махсус дода шуда, он ҳамчун дастури методӣ барои хизматчиёни давлатӣ пешниҳод гардад.

Сипас, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи разведкаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” гузориши шахсони масъул шунида шуд.

Дар кори маҷлис ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” ва Дар хусуси лоиҳаи Созишномаи қолабӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат, баррасӣ карда шуд.

Лоиҳаҳои қонунҳои муҳокимашуда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Дар хотима баъди баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои иҷрои саривақтии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда ва ҷиҳати иҷрои дастурҳои дигари Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ ва идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои мушаххас доданд

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное