Боздиди Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд аз осеби сел ба иншоотҳои ноҳияи Панҷ

.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ санаи 6-уми майи соли 2022 сафари кории Вазири рушди иқтисод ва савдо, мудири кишварии Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ва Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ ба ноҳияи Панҷ анҷом дода, аз осеби сели санаи 3-4 майи соли ҷорӣ рӯйдода, бахусус пойгоҳҳои обрасонӣ, роҳҳо, заминҳои кишоварзӣ корҳои бартарафсозии он, аз наздик шинос шуданд ва бо сокинони ноҳия вохӯри гузарониданд.

Иштирок дар маросими гулчанбаргузорӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба

.

9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба “Боғи Ғалаба”-и пойтахт ташриф оварданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное