Сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон

.

28.05.2019 14:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Мулоқот бо Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу

.

28 май дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфтанд.

Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадӣ

.

28.05.2019 09:38, шаҳри Душанбе

Дар идомаи боздиди корӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ёрирасони назди Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат дидан карданд.

Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ

.

28.05.2019 09:36, шаҳри Душанбе

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное