Ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Завқизода Завқӣ Амин, бо иштироки Мушовири бахши Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ муҳтарам Муллоев Маҳаммадӣ Ҷӯраевич, муовинони Вазир, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони муассисаҳои зертобеъ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ҷаласаи Ҳайати мушовараи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.

Ҷаласаи Ҳайати мушовара бо суханони ифтитоҳии Вазири рушди иқтисод ва савдо оғоз гардида, вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ аз ҷониби муовини якуми Вазир гузориши муфассал дода шуд.

Завқизода З. А. ҷиҳати иҷрои пурра ва самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои низомномавии вазорат, инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ва бозҳам беҳтар кардани фаъолият дар соли 2021 ба масъулин супоришҳо дод.

Ҳамзамон аз ҷониби роҳбарони раёсатҳо ва муассисаҳои зертобеи вазорат дар бораи фаъолияташон ҳисобот пешниҳод карда шуд. Дар охири ҷаласаи Ҳайати мушовара пиромуни масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное