Июнь 2018

11 Июнь 2018

Рассмотрение сотрудничества с делегацией «Группы Енарр»

4 июня 2018 года в Министерстве экономического развития и торговли Республики Таджикистан состоялась встреча Министра, Неъматулло Хикматуллозода с делегацией «Группы Енарр», прибывших в Душанбе во главе с руководителем данной группы Шхям Сингхания.

Подробнее

01 Июнь 2018

Об итогах международного экономического Форума

Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан с целью представления инвестиционных возможностей свободных экономических зон и содействию социально-экономического развития страны и в частности отдельных регионов, проводит международные экономические форумы в разные городах и регионах страны.

13 октября 2017 года в городе Дангара Хатлонской области состоялся Международный экономический форум «Дангара-2017». На данном форуме приняли участия представители Правительства Республики Таджикистан, руководители министерств и ведомств, исполнительного органа государственной власти Хатлонской области, международных организаций, дипломатического корпуса, а также свыше 250 иностранных и отечественные инвесторов.

Подробнее

О деятельности субъектов свободных экономических зон

 

 

 

На период первого квартала 2018 года на территории свободных экономических зон страны зарегистрированы 63 национальных и иностранных компаний как субъектов СЭЗ, большинство из них находятся в свободных экономических зонах «Сугд» и «Дангара». Из общего числа субъектов 27 компаний уже начали свое производство, рынок сбыта продукции осуществляется в Республике Таджикистан, Узбекистан, Кыргызстан, Туркменистан, Афганистан, Казахстан и Российской Федерации.

Следует отметить, что в текущем году запланирована регистрация новых субъектов в свободных экономических зонах страны в производственных, коммерческих, логистических и других сферах.

Также, это будет способствовать созданию новых рабочих мест, привлечению новых современных и инновационных технологий, увеличению экспортного потенциала и развитию производственного импортозамещения.

 

 

 

Подробнее

Об итогах заседания Наблюдательного совета по вопросам свободных экономических зон в Республике Таджикистан

В соответствии с Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2011 года № 664 был создан Наблюдательный совет по вопросам свободных экономических зон в Республике Таджикистан.

Наблюдательный совет по вопросам свободных экономических зон в Республике Таджикистан является экспертным органом, координирует деятельность свободных экономических зон, деятельность министерств и ведомств, администраций свободных экономических зон в целях развития свободных экономических зон.

Следует отметить, что 23 декабря 2017 года была проведена очередная сессия Наблюдательного совета по вопросам свободных экономических зон в Республике Таджикистан, на которой обсуждались юридические, налоговые, таможенные и финансовые вопросы. Аналитический отчет о результатах выполнения пунктов Протокола заседания Наблюдательного совета был представлен Правительству Республики Таджикистан.

Подробнее

Деятельность Министерства экономического развития и торговли в первом квартале 2018

Деятельность Министерства экономического развития и торговли в первом квартале 2018 была  направлена на своевременное выполнение указаний и поручений Основателя  мира и национального единства – Лидера нации, Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмон и постановлений, поручений Правительства Республики Таджикистан.

За  этот период в министерство поступило 3764 документа,  из них 1033 из Правительства Республики Таджикистан, 2270 из министерств ведомств (в том числе 104 проекта нормативно-правовых актов), 80 из подведомственных учреждений, 194 из зарубежных стран и международных организаций, 11 заявлений и обращений жителей и 75 факсов из государственных органов.

Подробнее

Ҳисобот доир ба вазъи иқтисодиёти миллӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2018

Афзоиш ёфтани сатҳи талабот, болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонии ашё ва фулузот, беҳтаргардидани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои ҳамсоя, инчунин амалӣ гардидани нақшаю тадбирҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таҷдиду барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти кишвар мусоидат намуда истодааст.

 Дар натиҷа дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,4 фоиз, кишоварзӣ 6,6 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 18,0 фоиз, ҳаҷми умумии гардиши савдо 13,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 1,9 фоиз афзоиш ёфт.

Ин раванд, боиси 7,0 фоиз зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта гардид. Ҳаҷми ММД дар чор моҳи соли ҷорӣ 16070,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2035,3 млн. сомонӣ зиёд аст. 

Дар давраи ҳисоботӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ҳиссаи истеҳсоли молҳо 32,9 фоиз (35,1 фоиз дар ҳамин давраи соли 2017), хизматрасониҳо 53,3 фоиз (51,7 фоиз) ва андозҳо 13,8 фоиз (13,2 фоиз)-ро ташкил дод. Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки дар сохтори ММД ҳиссаи истеҳсоли молҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст, ки ин асосан аз ҳисоби кам гардидани ҳиссаи саноат дар сохтори ММД ба андозаи 0,9 банди фоизӣ, кишоварзӣ 0,1 банди фоизӣ ва ҳиссаи сохтмон ба андозаи 1,2 банди фоизӣ ба вуҷуд омадааст.

Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳиссаи хизматрасониҳо дар сохтори ММД нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 банди фоизиро ташкил дод, ки ин асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳиссаи арзиши изофа дар соҳаи савдо ба андозаи 0,2 банди фоизӣ, мақомоти идоракунӣ ва таъминоти иҷтимоӣ 0,6 банди фоизӣ ташаккул ёфтааст. Инчунин, дар сохтори ММД ҳиссаи андозҳо низ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд гардидааст.

Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ воридоти андозҳои ғайримустақим, ки ба ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ саҳм мегузоранд 2237,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 19,6 фоиз зиёд мебошад. Дар моҳи апрел нисбат ба моҳи март сатҳи таваррум 0,5 фоизро ташкил дод, ки ин аз ҳисоби молҳои озуқа 0,9 фоиз, молҳои ғайриозуқа 0,2 фоиз ба амал омадааст. Дар баробари ин, тарофаҳои хизматрасонӣ 0,1 фоиз поён рафтааст. Болоравии нархи молҳои озуқаворӣ дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани нархи орди навъи 1-ум ба андозаи 0,3 фоиз, тухм 4,7 фоиз, гӯшти гов 1,0 фоиз, гӯшти гӯсфанд 1,9 фоиз, равғани маска 1,3 фоиз, равғани пахта 0,3 фоиз, сабзӣ 29,2 фоиз ва карам 21,9 фоиз ташаккул ёфтааст. Ба болоравии нархҳои молҳои ғайриозуқа дар моҳи апрел нисбат ба моҳи март баланд шудани нархи матоъ дар сатҳи 1,5 фоиз, либос 0,7 фоиз, пойафзол 0,4 фоиз ва асбобҳои маишӣ 2,8 фоиз сабаб гардид.

Поёнравии арзиши хизматрасониҳои пулакӣ асосан аз ҳисоби пастравии арзиши хизматрасонии нақлиёти ҳавоӣ 4,2 фоиз ба амал омадааст. Дар баробари ин, дар ин давра нархи гази моеъ 3,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо назардошти он ки дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дефлятсия дар сатҳи 0,8 фоиз мушоҳида гардид, дар маҷмӯъ дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ индекси нархҳои истеъмолӣ 0,2 фоиз коҳиш ёфтааст. Тибқи маълумоти пешакии Вазорати молия (ба ҳолати 11 майи соли 2018) қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 дар сатҳи 100,9 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 6096,4 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид (53,9 млн. сомонӣ барзиёд), ки нисбат ба ММД 37,9 фоизро ташкил менамояд. Дар ин давра иҷрои нақшаи даромадҳои ҷорӣ дар сатҳи 102,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 4968,3 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд (128,7 млн. сомонӣ барзиёд).

Нақшаи воридоти андозҳо бошад 100,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ҳамагӣ 4568,2 млн. сомонӣ маблағ ворид шуд (40,6 млн. сомонӣ барзиёд), ки нисбат ба ММД 28,4 фоизро ташкил намуд. Иҷрои нақшаи ҷамъоварии андозу пардохтҳо аз ҷониби Кумитаи андоз 102,3 фоиз ва Хадамоти гумрук 102,8 фоизро ташкил дод. Дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 6469,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, суръати рушди он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 13,4 фоиз баробар гардид. Дар ин давра дар соҳаи истихроҷи маъдан 1445,9 млн. сомонӣ, соҳаи коркард 3458,3 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми арзишии истеҳсоли нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ ба 1564,8 млн. сомонӣ баробар гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ дар сохтори маҳсулоти умумии соҳаи саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи саноати истихроҷи маъдан 22,3 фоиз (дар ҳамин давраи соли гузашта 21,8 фоиз), саноати коркард 53,5 фоиз (53,7 фоиз), истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об 24,2 фоиз (24,5 фоиз)-ро ташкил кард. Дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ ҳиссаи асосии истеҳсоли маҳсулоти саноати коркард (91,7 фоиз) ба 4 зерсоҳа, яъне 37,4 фоиз ба зерсоҳаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку, 20,5 фоиз ба истеҳсолоти металлургӣ ва истеҳсоли маснуоти тайёри филизӣ, 18,7 фоиз ба истеҳсоли ҳаргуна маснуоти ғайрифилизии маъданӣ ва 15,1 фоиз ба истеҳсоли нассоҷӣ ва дӯзандагӣ рост меояд.

Дар давраи ҳисоботӣ суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку ба 100,3 фоиз баробар гардид. Дар ин давра аз 155 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатии дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда афзоиши ҳаҷми истеҳсоли 112 номгӯи (72,3 фоиз) он таъмин гардид. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ба 6,1 млрд. кВт. соат баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз кам мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳҳои барқии обӣ 5,5 млрд. кВт. соатро ташкил кард, ки дар муқоиса ба моҳҳои январ - апрели соли гузашта 3,3 фоиз кам аст. Истеҳсоли нерӯи барқи марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсолкарда 0,6 млрд. кВт. соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,2 фоиз зиёд мебошад. Истеҳсоли энергияи гармӣ ба 332,1 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46,8 фоиз зиёд мебошад.

Дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ сарфи назар аз шакли моликияташон дар моҳҳои январ - апрели соли 2018 ба маблағи 1713,9 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6 фоиз зиёд мебошад. Хусусан, дар зерсоҳаҳои асосии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла растанипарварӣ ва чорводорӣ рушди мусбат таъмин карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсол мутаносибан 38,9 ва 4,9 фоиз зиёд гардида, дар маҷмӯъ соҳаи растанипараварӣ 112,5 млн. сомонӣ ва чорвопарварӣ 1601,4 млн. сомониро ташкил намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати истифодаи самараноки заминҳои обӣ дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ, ҳамзамон мусоид омадани боду ҳаво барои кишту кор дар масоҳати 381,5 ҳазор гектар кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо дар майдони 88,7 ҳазор гектар, зироатҳои техникӣ 202,3 ҳазор гектар, картошка 19,9 ҳазор гектар, сабзавот 32,6 ҳазор гектар, полезӣ 13,1 ҳазор гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 17,4 ҳазор гектар гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта масоҳати умумӣ 35,6 ҳазор гектар зиёд мебошад.

Бо назардошти дар соли ҷорӣ зиёд кардани масоҳати кишти пахта, сабзавот ва картошка кишти зироатҳои хӯроки чорво кам карда шуд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ дар масоҳати 183,1 ҳазор гектар кишти пумбадона гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,4 ҳазор гектар зиёд мебошад. Дар моҳҳои январ - апрели соли 2018 тибқи маълумоти оморӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза 687,6 тонна картошка, 43,9 ҳазор тонна сабзавот, аз он 34,9 ҳазор тонна пиёз ва 380,5 тонна меваҷот истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан картошка 70,2 маротиба, сабзавот 1,4 маротиба, аз он пиёз 1,5 маротиба ва меваҷот 2,6 маротиба зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 1 майи соли ҷорӣ дар майдони 2170,1 гектар боғу токзори нав бунёд карда шудааст, ки аз он 2065,5 гектар боғ ва 103,3 гектарро токзор ташкил дод. Дар самти чорводории соҳаи кишоварзӣ дар моҳҳои январ - апрели соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшт 43,6 ҳазор тонна, шир 236,6 ҳазор тонна, тухм 110,3 млн. дона, пашм 1334 тонна ва гӯшти моҳӣ 358,8 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 5,0 фоиз, шир 3,2 фоиз, тухм 15,1 фоиз, гӯшти моҳӣ 20,4 фоиз ва пашм 6,5 фоиз зиёд гардид.

Дар моҳҳои январ - апрел ҳаҷми маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба 2762,4 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давари соли гузашта 118,0 фоизро ташкил мекунад. Дар сохтори маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ ҳиссаи маблағҳои давлатӣ 56,0 фоиз, сармояи хориҷӣ 28,0 фоиз ва дигар сарчашмаҳо (шахсӣ ва муштарак) 16,0 фоизро ташкил намуд. Дар ин давра, ба маблағи умумии 1182,4 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 маротиба зиёд), аз ҷумла 224,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ (96,2 фоиз), мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 1990 ҷойи талаба (27,8 фоиз) ва 60 ҷойи қабул дар як баст дар дармонгоҳҳо (57,7 фоиз) ба истифода дода шудааст.

Ҳаҷми умумии гардиши савдои яклухт ва чакана дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 7509,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз зиёд шудааст. Бояд қайд кард, ки аз январи соли 2018 дар низоми омори миллӣ ҳисобгирии савдои яклухт ва хизматрасонии пулакӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ҷорӣ гардид, ки ин ба суръати назарраси ҳаҷми гардиши савдои яклухт ва чакана мусоидат намуд.

Дар ин давра гардиши савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 6272,5 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми савдои яклухт дар давраи ҳисоботӣ ба 1236,8 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда 16,5 фоизи ҳаҷми умумии гардиши савдоро ташкил медиҳад. Афзоиши гардиши савдо аз ҳисоби зиёд гардидани фурӯши сӯзишворӣ ба андозаи 40,7 фоиз, воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои эҳтиётии он 2,0 маротиба, чорво 4,1 фоиз, молҳои озуқаворӣ ва ғайриозуқаворӣ 0,4 фоиз ва хизматрасониҳои техникӣ ва таъмири автомобилҳо 3,6 фоиз ба амал омадааст.

Ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 дар ҳамаи соҳаҳо 3724,6 млн. сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар давраи ҳисоботӣ афзоиши ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ аз ҳисоби хизматрасонии соҳаи маориф ба андозаи 26,3 фоиз, тиббӣ 23,6 фоиз, нақлиёти мусофирбарӣ 10,6 фоиз ва дигар хизматрасониҳо 26,5 фоиз таъмин гардид. Дар баробари ин, хизматҳои маишӣ 2,6 фоиз, алоқа 5,0 фоиз ва хоҷагии манзил 2,9 фоиз коҳиш ёфтааст.

Бояд қайд кард, ки рушди бозори истеъмолӣ аз ҳисоби зиёдшавии даромадҳои пулии аҳолӣ ва дар ин замина баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ вобастагӣ дорад. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта музди меҳнати миёна бо ҳисоби номиналӣ 6,0 фоиз ва бо ҳисоби воқеӣ 1,2 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ тавассути ҳамагуна нақлиёт 24,2 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,9 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии ҳаҷми боркашонӣ асосан аз ҳисоби нақлиёти автомобилӣ ба миён омадааст, ки дар давраи ҳисоботӣ 22,6 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,0 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми боркашонӣ ба воситаи нақлиёти роҳи оҳан 1,6 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,2 фоиз рушд ёфтааст.

Гардиши борҳо ба 1951,3 млн. тонна/км баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 фоиз зиёд гардидааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ тавассути ҳамагуна нақлиёти мусофиркашонӣ (якҷоя бо нақлиёти соҳибкорони хусусӣ) 197,0 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд мебошад. Гардиши мусофирон бошад ба 2915,7 млн. мусофир/км баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлили нишондиҳандаҳои асосии гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 гувоҳи он аст, ки нарх дар бозори ҷаҳонӣ вобаста ба маҳсулоти асосии содиротӣ ва бозори истеъмолии кишвар мӯътадил гардидааст ва суръати рушди савдои хориҷӣ тамоюли баландравӣ дорад. Гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ 1394,7 млн. долларро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 350,4 млн. доллар ё 33,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Нишондиҳандаҳои содиротии кишвар давра ба давра ташаккул ёфта, дар таносуб ба моҳҳои январ - апрели соли гузашта ба андозаи 35,0 млн. доллар ё 11,8 фоиз афзудаанд. Нишондиҳандаҳои арзишии молҳои воридотӣ бошад ба 1062,9 млн. доллар баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 315,4 млн. доллар ё 42,2 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои Россия (22,3 фоиз), Қазоқистон (19,3 фоиз), Хитой (14,5 фоиз), Туркия (9,6 фоиз), ИМА (7,9 фоиз), Ӯзбекистон (4,5 фоиз), Эрон (2,7 фоиз), Олмон (2,6 фоиз), Қирғизистон (1,4 фоиз), Туркманистон (1,3 фоиз), Белорус ва Покистон (1,2 фоизӣ), Афғонистон, Италия ва Тайван (1,1 фоизӣ) ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар тақвияти содироти молу маҳсулот, истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва ҷанбаҳои гуногуни рушди тиҷорати хориҷии кишвар заминаи боэътимод гузошта истодааст.

Сохтори содиротии кишвар дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маъданҳо (40,7 фоиз), нахи пахта (22,0 фоиз), алюминийи аввалия (19,3 фоиз), семент (5,8 фоиз), либос ва қисмҳои он (2,0 фоиз), барқ, сӯзишвории минералӣ ва металлҳои нимқиматбаҳо (1,9 фоизӣ) ва ғайраҳо ташаккул ёфтааст. Дар моҳҳои январ-апрели соли 2018 ҳиссаи воридот дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 71,6 фоизро ташкил карда, таносуб нисбати содирот 2,5 маротиба зиёд мебошад. Дар сохтори воридот дар ин давра ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ 16,4 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Воридоти маҳсулоти озуқаворӣ аз рӯи ифодаи арзишӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 15,0 млн. доллар кам гардидааст. Дар ҳаҷми умумии воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ҳиссаи бештарро гандум (29,5 фоиз) ташкил медиҳад. Воридоти гандум 295,3 ҳазор тонна бо арзиши умумии 51,5 млн. долларро ташкил дод ва нархи миёнаи он барои як тонна дар сатҳи 174 доллар қарор гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,0 доллар паст шудааст.

Дар ин давра ба ҷумҳурӣ воридоти 23,3 ҳазор тонна равғани растанӣ бо арзиши умумии 17,1 млн. доллар, 9,1 ҳазор тонна орд ба маблағи 2,0 млн. доллар ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта равғани растанӣ 11,2 ҳазор тонна ё 10,1 млн. доллар ва орд 10,7 ҳазор тонна ё 3,3 млн. доллар кам мебошад. Амалӣ гаштани тадбирҳо дар самти истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда имкон дод, ки воридоти тухми паранда, шакар, равғани растанӣ, гӯшти гов ва паранда, помидор, бодиринг, шир ва маҳсулоти ширӣ нисбат ба соли гузашта коҳиш дода шавад.

Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ аз хориҷи кишвар воридоти маҳсулоти нафтӣ дар ҳаҷми 153,8 ҳазор тонна бо арзиши 104,2 млн. доллар ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2017 аз рӯи ҳаҷм 10,1 ҳазор тонна ва ифодаи арзишии ин намуди маҳсулот 21,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 115,7 ҳазор тонна гази моеъ бо арзиши умумии 53,0 млн. доллар ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 ҳазор тонна ё 1,0 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми воридоти гилхок дар моҳҳои январ-апрели соли 2018-ум 51,4 ҳазор тонна бо маблағи умумии 26,7 млн. доларро ташкил дода, назар ба ҳамин давраи соли гузашта воридоти он ба андозаи 5,3 ҳазор тонна ё 2,8 млн. доллар коҳиш ёфтааст.

 

 

 

Подробнее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное