Видеоконфронси Вазири рушди иқтисод ва савдо бо сафирон ва муасиссаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади таъмин намудани намояндагиҳои дипломатӣ бо маълумоти мунтазам, инчунин барои муаррифии беҳтари имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон 30 марти соли 2022 мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин бо сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон, Покистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Хитой, Эрон, Япония, Қирғизистон, Ҳиндустон, Корея, Малайзия ва консулҳои генералӣ дар шаҳрҳои Екатеринбург, Уфа ва Новосибирск дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.